ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти мазкур 24 ноябр дар ҳошияи вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, ки мавзӯи меҳварии мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Урбан Руснак густариши “иқтисоди сабз” буда, ҷонибҳо барои гузаронидани як идда чорабиниҳои байналмилалӣ ба мувофиқа расидаанд.
Энергияи аз нигоҳи экологӣ тоза, ки як бахши калидии иқтисоди сабз мебошад, аз бахшҳои ояндадор дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, дар оянда барои рушди устувори иқтисодиёти на танҳо худ, балки кишварҳои ҳамсоя метавонад нерӯи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ва арзон тавлид намояд.