Боз як садамаи маргбор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистон

Обуна шудан
Сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада ба як мошини дигар бархурдааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бино бар иттило Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи ҳодисаи нохуш рӯзи 23-юми ноябри соли равон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистон рух додааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар як садама 4 нафар ба ҳалокат расид ва 4 нафари дигар маҷруҳ шуд

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 23-юми ноябр тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи “Лексус-330”, Асоев Сайдалӣ Мадалиевич, соли таваллудаш 1952, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи “Тайота-Ландкрузер”, таҳти идораи ронанда Исломов Баҳром Тешаевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Левакант, бархӯрдааст. 

“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-330” Асоев С.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, -таъкид намудааст манбаъ.

Перевернувшийся грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷароҳати 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садама дар вилояти назди Маскав

Инчунин манбаъ хабар додааст, ки мусофирони автомашинаи тамғаи “Лексус-330” Ҳакназарова Майрамбӣ Мақсиддиновна, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, Назарова Хиробон Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 1997 ва Бобошоева Боғигул Ҷабборовна, соли таваллудаш 1970, сокинони шаҳри Норак, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Кормандони ВУД Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0