Нохушии маргбор: лӯлаҳои обгузар дар Маскав се муҳоҷирро зер карданд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМигранты работающие на стройках. Архивное фото
Мигранты работающие на стройках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи афтидани лӯлаҳои обгузар дар сохтмони маҷмааи тиҷоратии "Саларис", дар назди метрои “Саларева”-и Маскав як муҳоҷир ба ҳалокат расида, ду нафар маъюб шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik.  Ба иттилои расонаҳои хабарӣ нимаи аввали рӯзи 22-уми ноябр дар сохтмони наве дар назди метрои Саларево нохушие рӯх додааст.

Ба маълумоти расонаҳои хабарӣ дар сохтмони наве лулаҳои обгузар (труба), ки дар сақфи ошёнаҳо насб мешавад афтидааст. Дар натиҷа як муҳоҷир ҳалок ва дуи дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.  

Рӯзи 22 ноябр соати 11:11 аз телефони корие ба шуъбаи пулис занги телефонӣ шуда хабари афтидани лулаҳои обгузареро дар бинои маҷмааи савдои “Саларис”, додаанд. Айни ҳол пулиси Маскав хабари марги як муҳоҷир ва маҷруҳии дуи дигарро тасдиқ кардааст.

Дар ин ҳодиса шаҳрвандони Узбакистон Қодиров Иномҷон соли таваллудаш 1998 ба ҳалокат расида Ашуров Бахром ва шаҳрванди Тоҷикистон Розиқов Маҳмудҷон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. 

Нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0