ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти СААД, Семериков зимни мулоқоти солонаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ин созмон дар Маскав, вазъи Афғонистонро ташвишовар хонд.
Ӯ изҳор доштааст, ки Афғонистон имрӯз ба як пойгоҳи интиқоли ҷангиёни саркӯбнашудаи “ДОИШ” ба кишварҳои ИДМ шудааст.
Семериков таъкид намудааст, ки бо назардошти ин СААД ҷонибдори таъсиси як ҷабҳаи васеи байналмилалӣ алайҳи терроризм ва ҳамкории бештар дар ин бахш бо СММ, ИДМ, СҲШ ва дигар созмонҳо мебошад.
Дар баробари ин иштирокдорони мулоқот мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар интернет, пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризмро баррасӣ кардаанд.