ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ҳукумати Олмон барои рушди соҳаи тандурусти, молия, энержӣ, таҳсилоти ҳирфаӣ ва фанноварӣ ба Тоҷикистон 27 миллион евро ҷудо намудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
“Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти байниҳукуматӣ баргузор шуд. Раиси бахши Осиёи Марказӣ ва Шарқии вазорати федералии Олмон гуфт, ки ҳукумати кишвараш ба Тоҷикистон 27 миллион евро ихтисос хоҳад дод” , - иттилоъ додааст вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Маблағҳои ҷудошуда ба рушди соҳаи тандурусти, молия, энержӣ, таҳсилоти ҳирфаӣ ва фанноварӣ равона хоҳад шуд.
Ширкаткунандагони мулоқот тарҳҳоеро, ки дар Тоҷикистон бо таъмини молии Олмон иҷро мегардад, баррасӣ карданд. Аз ҷумла, Олмон дар Тоҷикистон тарҳҳои тармим ва бозсозии муассисоти пизишкии беҳсозӣ ва муъолиҷаи сил ва сохтусози бемористони бемории сил дар Мачитонро таъмини молӣ мекунад.