Интернет дар ВМКБ барқарор шуд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальные сети
Социальные сети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки баъди ҳамоиши эътирозии 6 ноябр дар Хоруғ қатъ шуда буд, 22 ноябр барқарор гардид

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар ин бора корбарони интернет аз навоҳии Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мушкилиро рафъ кардем: Tcell ба муштариёнаш 50 дақиқаи ройгон ва мегабайт тақдим кард

Ба иттилои мусоҳибон интернети мобилӣ дар шаҳру навоҳии ВМКБ шоми имрӯз барқарор гардид.

“Интернет ҳоло чандон муназзам ва устувор нест. Пайдо шуд, аммо ҳанӯз каме мушкил дорад. Гоҳо гум мешавад”, - изҳор дошт як корбари интернет аз Хоруғ.

Ба гуфтаи корбарон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук низ барқарор шудааст.

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Фейсбуку Ютуб дар пайи ҳамоиши эътирозии 6 ноябр дар шаҳри Хоруғ масдуд шуда, дар навоҳии ВМКБ хадамоти интернетрасонӣ пурра қатъ гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0