Аз набудани соҳиби хона истифода кард: ошкоршавии дуздии 10 ҳазор сомонӣ дар Ваҳдат

© © Sputnik / Miroslav RotariВоровство, архивное фото
Воровство, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттиҳоми даст доштан дар дуздӣ ҷавони 26-солаи сокини деҳаи Меҳнатободи шаҳри Ваҳдат дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Сокини 28-солаи шаҳри Ваҳдат ба мақомоти милиса шикоят бурдааст, ки ҳангоми дар хона набудан, нафари номаълуме ба хонааш ворид шуда, пулҳояшро дуздидааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи мард, ӯ чанд рӯз дар хонааш набудааст ва аз ин "дузд" истифода кардааст.

"Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 28-солаи сокини деҳаи Тиллои Сафеди шаҳри мазкур дар он хусус ворид гардидааст, ки дар давоми рӯзҳои аз 25-ум то 27-уми сентябри соли 2018, шахси номаълум аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо роҳи пинҳонӣ ба хонааш ворид шуда, аз дохили сандуқи оҳанин 10 ҳазору 800-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - менависад манбаъ.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Меҳнатободи шаҳри Ваҳдатро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0