ВУД: сокини шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Рӯдакӣ сехи макаронбарориро ғорат кард

© Sputnik / Дмитрий КоробейниковПроизводство макарон. Архивное фото
Производство макарон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди маттаҳам қисми асосии дастгоҳи сехи макаронбарориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса пинҳон шудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дуздӣ аз сехи макаронбарорӣ ошкор гардид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба иттиҳоми даст доштан дар дуздӣ як марди 37-солаи сокини шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст.

Дар бораи ҳодисаи дуздӣ, ҷабрдида - соҳиби сехи макарон ба мақомоти милиса хабар додааст.

"Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳибкор, марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 20-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 14:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили сехи истеҳсоли макарон ва биринҷ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, як қисми асосии дастгоҳи сехи мазкурро, ки арзишаш 15000-доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд". - менависад ВУД.

Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0