Усмонзода: то моҳи сентябр ба Узбакистон 1,5 миллиард кВт соат барқ содирот карда шуд

© Sputnik / Амир ИсаевУсмонали Усмонзода. Архивное фото
Усмонали Усмонзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Усмонзода Усмоналӣ, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҷумҳурӣ аз фасли баҳор ба вилояти Сурхандарёи Узбакистон 1,5 миллиард киловат соат барқ содирот намудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон эълон намудааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон дар соҳаи энергетика баъд аз беҳтар шудани муносибатҳо беҳтар гаштааст.

“Дар соҳаи энергетика комёбиҳои мушаххас ҷой дорад. Мо баъд аз солҳои тӯлонӣ дубора ба низоми энергетикии Узбакистон пайваст гаштем. Шурӯъ аз моҳи апрел то миёни моҳи сентябр, Тоҷикистон ба вилояти Сурхандарёи Узбакистон 1,5 миллиард киловат соат барқ содирот намудааст”, - гуфт Усмонзода. 

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи тоҷик" хостори болобарии нархи барқ шуд

Вазир инчунин таъкид намудааст, ки тибқи баъзе иқдомҳои амалишуда тамоми вилояти Сурхандарёи Узбакистонро бо барқ таъмин карда шуд. Арзиши як кВт соат барқ 2 сентро ташкил додааст.

“Масъалаи муҳим барои мо дар онаст, ки дар фасли тобистон ҳамсояҳои худро Узбакистон ва Қазоқистонро бо об таъмин намоем. Мо пурра аз обанбори НБО Қайроқум, ки дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир аст истифода намуда, тибқи шартномаҳои ба имзо расида ва ҷадвали тасдиқшуда, ин кишварҳоро ба об таъмин намудем”, - илова кард вазир.

Ёдрас мешавем, ки моҳи апрели соли равон Тоҷикистон содироти барқро ба Узбакистон шурӯъ кард. Барқароршавии муносибати иқтисодӣ баъд аз танафуси даҳсола сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0