Дар Русия иҷозатномаи истиқомати бемуҳлат барқарор мешавад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкВид на жительство иностранного гражданина, архивное фото
Вид на жительство иностранного гражданина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Русия ба ҳукумат барои баррасӣ лоиҳаи қонун дар бораи баргардонидани иҷозатномаи истиқомати бемуҳлат барои шаҳрвандони хориҷиро дар охири моҳи ноябри соли равон пешниҳод хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Русия пешниҳод намудааст, ки барои шаҳрвондони хориҷӣ  иҷозатномаи истиқомат ва ё “вид на жительство”-и бемуҳлат мисли пештара ба роҳ монда шавад, хабар додааст хабаргузории РИА Новости.

Гавхар Джураева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муҳим адолат аст: Ҷӯраева дар бораи консепсияи нави муҳоҷират дар Русия

Лиоиҳаи қонуни мазкурро то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба ҳукумати Русия пешниҳод карда шавад.

“Муҳлати эътибори иҷозатномаи истиқомат тағйир меёбад",- тавзеҳ дод иҷрокунандаи мувақатии вазифаи роҳбари саридораи муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова.

Вай афзудааст, ки ба саридораи муҳоҷирати ВКД Русия, дар бораи он, ки хориҷиён бо гузашти панҷ сол муҳлати ба охиррасии ин ҳуҷҷатро фаромӯш кардаанд ва на тавонистаанд, ки дар вақташ онро тамдид кунанд, муроҷиатҳои зиёд мерасанд.

"Шаҳрвандони хориҷие, ки алакай ба таври доимӣ дар Русия зиндагӣ доранд, нафақа мегиранд, метавонанд дар раъйпурсиҳо  иштирок намоянду интихоб  шаванд  бо тамомшавии муҳлати иҷозатномаи истиқоматиашон ба ҳолати аввала гирифтор мешаванд”, - афзуд Валентина Казакова.

Вай таъкид кардааст, ки иҷозатномаи истиқомати бемуҳлат дар Русия то соли 2002 мавҷуд буд.  

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин қонуни дигареро дар бораи муҳоҷират ба имзо расонид

Ёдрас мешавем, ки  айни ҳол иҷозатномаи истиқомат дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ба муҳлати 5 сол дода мешавад. Ба мутахасисони баландихтисос ва аъзои оилаи онҳо ин ҳуҷҷат мувофиқи муҳлати иҷозатномаи кориашон дода мешавад.

Иҷозатномаи истиқоматӣ барои хориҷиёне, ки соҳибзабон дониста мешаванд ба муҳлати се сол дода мешавад.

Пештар, вакили парлумони Русия Константин Затулин пешниҳод намуда буд, ки шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи истиқоматро дар Русия бигиранд ва имконият дошта бошанд аз шаҳрвандии кишварашон даст накашанд.

 

Лентаи хабарҳо
0