Баҳси вакилони тоҷик атрофи ҷудо кардани замин ба бинои дипломатии Узбакистон

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПервое совещание спикеров парламентов стран Евразии
Первое совещание спикеров парламентов стран Евразии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадафи “Шартнома оид ба шарикии стратегӣ” миёни Тоҷикистон ва Узбакистон - талоши роҳандозии муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи сифатан нави мувофиқ ба иқтидори ҳамкориҳои байни ҳарду кишвар мебошад

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон масъалаи ҷудо кардани замин ба бинои дипломатии Узбакистонро баррасӣ кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, вакилон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон се мавзӯъ - Созишнома байни Ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии ҷонибҳо дар ҳарду кишвар, Шартномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон ва  даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагонро баррасӣ кардаанд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси маҷлис Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардидааст.

"Ҳадафи Шартнома шартномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Узбакистон - роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан нави мувофиқ ба иқтидори ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон мебошад", - таъкид намудаанд вакилон.

Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардидаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намудаанд.

Ёдрас мешавем, моҳҳои августи соли равон хабар дода шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор аз тасмим барои ҷудо намудани замин барои Узбакистон ҷонибдорӣ кардааст.

Тибқи қарори Ҳукумат дар замини ҷудошуда бинои намояндагии дипломатии Узбакистон дар Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.

Бар асоси созиши ҷонибҳо, Узбакистон низ барои Тоҷикистон замин ҷудо мекунад, ки дар он ҳам сохтмони бинои намояндагии дипломатӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0