Мӯйсафеди 62-сола дар Ваҳдат мегӯяд, ҳадафи “облава” қарор гирифтааст

© Sputnik / Амир ИсаевГород Вахдат. Архивное фото
Город Вахдат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бобомурод Раҷабов, сокини 62-солаи шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ҳадафи “облава” қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раҷабов мегӯяд, ҳодиса шоми шанбе дар маҳалли истиқоматашон, деҳаи Сарчинори поёни Ваҳдат рух додааст.

Военнослужащие Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Облава" тамом?: Суғд нақшаи даъватро 93 дар сад иҷро кард

Ӯ гуфт, ҷисман майда аст, риш надорад ва он рӯз ҷинс пӯшида, сарпӯш дар сар дар роҳ сӯи хона рафта истода буд, ки гуруҳе аз дасташ кашида, “аз аскарӣ мегурезӣ”-гӯён ӯро сӯи мошини “Опел” кашола карданд.

“Кашмакаш карданд, дандонам лат хӯрд либосҳоям дариданд ва вақте пеши мошинашон кашола карда бурданд, шапка аз сарам афтид. Мӯйи сафеди маро дида, баъд раҳо карданду зуд рафтанд”, - изҳор дошт Раҷабов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Раҷабов мегӯяд, аз ин ҳодиса бо раиси ҷамоаташон ва идораи милиса шикоят кардааст, то пеши роҳи чунин муносибату дағалӣ гирифта шавад.  

“Муфаттиш гуфт, он одамҳоро муайян мекунад. Бигузор ҷуброни зарари маро диҳанд, телефонам шикаст, дандонам лат хӯрд, либосам дарид, бигузор ҷавоб гӯянд”, - изҳор дошт Раҷабов.

Додситони Суғд дар соли гузашта чаҳор парвандаи "облава" боз кардааст

Феълан мақомот расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд ва дар сурати дастрас шудани назари мақомот дар ин бора Sputnik Тоҷикистон онро пешниҳод хоҳад кард.

Шикояти марди солхӯрда аз ҳадафи “облава” қарор гирифтан дар ҳолест, ки ҳамасола дар мавсими даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ шикоятҳо аз ин шеваи ғайриқонунии ҷалби ҷавонон, сарбозбарии маҷбурӣ аз қади кӯча ба хидмати ҳарбӣ зиёд садо медиҳанд. Феълан даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҷараён дорад.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ истифода нашавад ва ҷалби наваскарон тариқи корҳои фаҳмондадиҳию маърифатӣ сурат бигирад.

Лентаи хабарҳо
0