ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздоштшуда зани 36-сола мебошад, ки даллагӣ карда, аз мардҳо барои ҳамхоба шудан бо хоҳари 30-солааш маблағ мегирифтааст.
“Номбурда, рӯзи 18-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 19:00, дар назди бинои истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ, ду марди 29 ва 24-сола, сокинони шаҳраки Меҳрободро бо хоҳараш, зани 30-сола шинос карда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ таъкид кард, ки феълан аз рӯи ҳодиса бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ, барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.