Ҳалокати мусофирдухтари ҷавон дар натиҷаи чаппа шудани мошин

© Пресс-служба МЧС РФДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи садамаи худрави “Опел-Вектар” дар роҳи Кулоб – Муъминобод мусофирдухтари ҷавон ба ҳалокат расида, худи ронанда ва мусофирони дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Рӯзи 17-уми ноябри соли равон, тахминан соати 18:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектар”, Илёсов Шаҳриёр Бахтиёрович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Муъминобод дар наздикии деҳаи Толеъи Нав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 3-метр чаппа шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.

Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Чаппа шудани мошин сабаби марги се нафар шуд

Дар натиҷа, мусофири дохили худрав Салимова Маҳваш Шарифовна, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати деҳоти Деҳбаланд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Худи ронанда ва мусофирони дигари автомашина, Ҳумайрои Шамсиддин, соли таваллудаш 2018, Салимова Моҳтоббӣ Шарифовна, соли таваллудаш 1998, сокинони ҷамоати деҳоти Деҳбаланд ва Бахтиёри Абдулҳафиз, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқи кормандони ВУД Тоҷикистон қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0