ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 3+5 ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш ва баъзан фаромадани меғ дар назар аст. Ҳаво шабона -1+6 ва рӯзона ба 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар ғарби вилоят шабона 4 — 9 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона -4-9 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+2 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 1+4 ва рӯзона +9+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.