ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Чемпиони феълии Тоҷикистон — дастаи футболи "Истиқлол" (Душанбе) дар мавсими нав бори аввал дар маъруфтарин мусобиқаи даставии қора — Лигаи чемпионҳои Осиё иштирок мекунад, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа чемпиони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ аввал бар клуби АГМК аз Узбакистон ва баъдан дар марҳилаи плей-офф бар клуби "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ ғолиб барояд.
Конфедератсияи футболи Осиё имрӯз 14 ноябр федератсияҳои миллиии футболро оид ба тартиби баргузории марҳилаи муқаддимотии мусобиқа бохабар сохт.
Инчунин манбаъ меафзояд чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи якуми муқаддимотӣ бояд бо дастаи футболи "Ал-Муҳаррақ"-и Баҳрайн рақобат мекард. Аммо бо сабаби аз талаботҳои литсензиядиҳӣ нагузаштани клуби футболи Баҳрайн чемпиони мо ҳунарнамоияшро аз марҳилаи дуюми муқаддимотӣ шуруъ мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби "Истиқлол" барандаи Ҷоми Узбакистон — клуби футболи АГМК мебошад. Бозӣ рӯзи 12 феврал дар шаҳри Олмалиқи Узбакистон доир мешавад.
Дар сурати ба комёбӣ расидан дар ин бозӣ чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи плей-оффи мусобиқа барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 19 феврал дар сафар бо клуби футболи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ қувва меозмояд.
Дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2019 роҳ ёфтани "Истиқлол" клуби футболи "Регар-ТадАз", ки имсол дар Лигаи олии Тоҷикистон мақоми чорумро касб кард, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 роҳ меёбад. Зеро дастаи футболи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҷои сеюмро дар Лигаи олии имсола ишғол кардааст, аз санҷиши литсензиядиҳии бошгоҳии Конфедератсияи футболи Осиё нагузаштааст.
Лигаи чемпионҳои КФО-2019
Марҳилаи дуюми муқаддимотӣ
12 феврал (сешанбе)
АГМК (Узбакистон) – “ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН)
Плей-офф
19 феврал (сешанбе)
“Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти АГМК (Узбакистон)/ “ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН)