Гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Русия 10,3 дарсад афзоиш ёфт

© PixabayКонтейнеры в порту, архивное фото
Контейнеры в порту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 10,3 дарсад афзоиш ёфта 845 миллион долларро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 10,3 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ба иттилои манбаъ ин ду кишвар дар 10 моҳи соли 2018 ба арзиши ҳудуди 845 миллион доллар доду гирифт карданд.

Бояд зикр кард, ки воридкунандаи аслии молу колои Тоҷикистон Қазоқистон мебошад. Беш аз 28 дарсади кулли молу колои содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистон ворид мегардад.

Русия содиркунандаи аслии мол ба Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон беш аз 30 дарсади кулли молу колои воридотиро аз Русия дарёфт мекунад.

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 102 кишвари ҷаҳон доду гирифт кардааст.

 

Лентаи хабарҳо
0