Таъминоти мардум бо барқ дар рӯзҳои охир чӣ гуна буд?

© Pixabay / Bru-nOЛампы, архивное фото
Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, ки таъминоти навоҳии кишварро бо барқ пайгирӣ мекунад, маҳдудиятеро тайи рӯзҳои охир ба қайд нагирифтааст

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Тибқи ҷадвали таҳиякардаи Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, шаҳру навоҳии кишвар рӯзҳои охир, аз ҷумла 16 ва 17 ноябр 24 соат бо барқ таъмин будаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи фарзандонаш дар НБО Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Аз рақси Раҳмон зери навои бадахшӣ то оташбозии идона: навори рӯзи дуюми иди "Роғун"

Ин дар ҳолест, ки аз оғози тирамоҳи ҷорӣ мардуми навоҳии кишвар бо маҳдудият барқ мегирифтанд ва бархе аз манобеъ онро ба зарурати захираи об барои кори чархаи аввали “Роғун” рабт доданд.

Чархаи аввали “Роғун” 16 ноябр фаъол шуд ва интиқоли барқро ба низоми ягонаи энергетикии кишвар оғоз намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолсозии “Роғун”-ро қадам сӯи Истиқлолияти энергетикӣ хонда, ташаккул додани маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолиро зарур донист.

“Ҳамзамон бо ин, истифодаи васеи таҷҳизоту технологияҳои каммасраф яке аз омилҳои муҳимми рушди босуботи иқтисодии кишвар ва хизмати дарозмуддати иншооти бунёдгардидаи энергетикӣ мебошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0