Шарҳи Шӯрои уламо: чаро эшону саидзода духтаронашонро ба халқи оддӣ келин намедиҳанд?

© © Sputnik / Амир ИсаевСвадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зуҳуроти ба халқия духтар надодани эшону саидзодаҳоро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон масъалагузорӣ кардааст, ки дар бисёри ҳолатҳо эшонҳо ё худ сайидзодаҳо духтаронро ба халқи оддӣ келин намедиҳанд.

Издивоҷ бо хориҷӣ, ё Топ-3 довталабон ба қалби духтарони тоҷик

“Ин анъана аз куҷо сарчашма мегирад ва то куҷо ҷоиз аст? Зеро дар бештар маврид духтарони онҳо пир мешаванду ба мардуми омма келин намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки худ аз дигарон келин мегиранд”, - суол гузоштааст муроҷиаткунанда.

Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, ки масъалаи никоҳи духтарони саидзодаҳо бо халқия аллакай ҳалли худро ёфтааст.

“Масъалаи издивоҷ амри муҳим ва савоб аст ва он мушкилоте, ки шумо дар назар доред, ҳалли худро ёфтааст. Духтарони солхӯрда чи аз эшонҳо ва чи аз мардуми омма бисёранд. Ин ҳолат танҳо хосси духтарони эшонҳо нест ва чунин ҳолат хосси баъзе манотиқи кишвар ва аз рўи одати ҳамон минтақа аст”, - изҳор доштааст Шӯрои уламо.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки аз нигоҳи мазҳаби Абӯҳанифа дар мардуми Аҷам Ислом эътибор дорад, на қавмият ё мансубият ба ину он.

Лентаи хабарҳо
0