Аз аскарӣ ба зиндони низомаш шадид: ҳукми се сарбози қаторӣ барои зӯроварӣ

Обуна шудан
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе се сарбози қаторӣ - Ҳалимов Ҷаҳонгир, Тоиров Ҳомидҷон ва Паҳлавонов Суҳробро барои зӯроварӣ ва латукӯби сарбозони дигар 2-солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, ки ахиран дар сомонааш нашр шудааст, маҳкумшудагон барои нишон додани бартарияти худ, ҳамхизматонашон - Исмоилов Шаҳбоз ва Луқмонзода Наврузро дар назди ҷои сигоркашии сарбозон мавриди латукӯб қарор додаанд.

Манбаъ бо такя ба хулосаи тиббӣ изҳор доштааст, ки  дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳатҳои мансуб ба зарари сабук ба саломатӣ бардоштаанд.

Додгоҳ муттаҳамонро дар нақзи қоидаҳои оинномавӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ гунаҳкор дониста, барои ду солӣ равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст.

Лентаи хабарҳо
0