Тоҷикон ҳам: президент ҳузури қирғизҳоро дар Тоҷикистон то 60 рӯз тамдид кард

© Сайт президента Кыргызской РеспубликиПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қирғизистон созишномае ба тасвиб расид, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишвар дар Тоҷикистон то 60 рӯз бидуни сабтином қарор дошта метавонанд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков созишномаеро ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он шаҳрвандони кишвар дар Тоҷикистон бидуни сабтином 60 рӯз будубош карда метавонанд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

Ҳуҷҷати мазкур 1 феврал дар Душанбе ба имзо расида, 11 октябр аз ҷониби қонунгузории Қирғизистон қабул карда шуд. 

Ҳамин тавр, тоҷикон низ метавонанд дар Қирғизистон бидуни сабти ном то 60 рӯз монанд.

Ҳамчунин мувофиқи ин санад қирғизҳо метавонанд бо пешниҳоди ID-card  ва шиносномаҳои дохилӣ  марзи Тоҷикистонро убур кунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ бояд баъди 5 рӯзи ворид шудан худро сабтином кунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки сокинони ноҳияҳои марзии Тоҷикистон ва Узбакистон дархост карданд, ки ба кишвари ҳамсоя ба воситаи шиносномаи дохилӣ сафар кунанд.

Ёдрас мешавем, пештар раводид байни Тоҷикистону Узбакистон бардошта шуда буд, аммо шаҳрвандон барои ба кишвари ҳамсоя сафар кардан, бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.

Лентаи хабарҳо
0