ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Расонаҳои Тоҷикистон дар истинод ба манобеи худ, аз боздошти раиси зиндони низомаш шадид дар Хуҷанд хабар додаанд.
Бино бар иттилои манобеъ, раиси зиндони рақами 3, ки дар он ошӯби зиндониён сар зада буд, ба хунукназарӣ ва шиканҷаи маҳбусон муттаҳам мешавад.
Бино бар иттилои намояндагони мақомоти қудратии кишвар, ошӯб дар зиндон ҳанӯз шоми 7-уми ноябр сар зада буд, аммо Сафаров ин ҳодисаро пинҳон кард.
Гуфта мешавад, далели ик кори раиси зиндон дар он буд, ки аз даст додани мансабаш меҳаросид.
Ба гуфтаи манобеъ, интизор меравад, ки ба наздикӣ дигар муҷримони ҳодиса - кормандони зиндон ба ҳасб гирифта мешаванд. Онҳо дар ришваситонӣ, рӯйпӯшкунӣ ва пинҳон кардани ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд.