Нуздаҳ соли зиндон ба омӯзгори забони англисӣ барои тарғиби ДОИШ

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках
Руки  в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омӯзгори яке аз мактабҳои Душанбе ғояҳои доишиёнро (ДОИШ - мамнӯъ дар Тоҷикистон) қабул карда, онро байни хонандагони мактаб паҳн кардааст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон як сокини маҳаллиро, ки омӯзгори матктаб будааст, барои тарғиби  гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба 19 соли зиндон маҳкум карданд. Ҳамчунин чор шогирдаш ба мӯҳлабҳои гуногун маҳбас шуданд.

"Омӯзгори забони англисии яке аз мактабҳои Душанбе Ҷаҳонгир Қосимов барои тарғиби ДОИШ дар байни хонандагони мактаб ба 19 соли зиндон дар маҳбасҳои низомаш сангин маҳкум шуд", - гуфта мешавад дар иттилои РИА Новости.

Ҳамчунин дар доираи ин парванда 9 нафари дигар, аз ҷумла 4 хонандаи матктаб паси панҷара рафтанд.

Қосимов моҳи июли соли равон боздошт шуда буд. Ӯ иқрор шудааст, ки ғояҳои тундгароёнро тарғиб мекард.

"Вай ба додгоҳ нақл кард, ки бо доишиён тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ошно шуда, ғояҳои  онҳо қабул кард ва ба тарғиби он шурӯъ намуд", - менависад манбаъ.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон пас аз боздошти чор ҷангии ДОИШ дар наздикии марзи Афғонистон, ҷинояти омӯзгорро ошкор карданд.

Лентаи хабарҳо
0