Нахустин агрегати нерӯгоҳи Роғун 16-уми ноябр ба кор медарояд. Ва барои ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳ, Ҳукумати кишвар бояд нерӯи истеҳсолшударо ҳарчӣ бештар содир кунад, мегӯяд коршиноси рус Анастасия Лихачева.
Лихачева: Душанбе должен продавать энергию Рогуна, если хочет достроить ГЭС
"Ҳоло танҳо як агрегати нерӯгоҳ ба кор медарояд, ки тақрибан 1 миллиард арзиш дорад. Тавре ширкати пудратчӣ мегӯяд, дар оянда ширкат ба пули аз фурӯши барқ ба даст овардааш, сохтмонро идома медиҳад", - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.
Вазифаи муҳими Ҳукумати Тоҷикистон дар он аст, ки дар оянда сохтмони нерӯгоҳро аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолкардаи он амалӣ кунад.