ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Президенти Тоҷикистон, 26 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини НБО “Роғун” ҳамоиши илмӣ доир гардид, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.
Ба иттилоъи манбаъ дар ҳамоиши илмӣ намояндагони Академияи илмҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ва дигарон оид ба нақши Сарвари давлат дар бунёди НБО “Роғун” сухан карданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи ба истифода додани аввалин агрегати НБО "Роғун" Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 16 ноябр рост омад.