ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Шаби 13 ба 14 ноябр ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон доир ба самбо аз кишвари баргузории Чемпионати ҷаҳон-2018- шаҳри Бухарести Руминия ба Ватан баргашт, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар".
Чемпиони нави ҷаҳон Хушқадам Хусравов ва ҷоизадорони ин маъракаи сатҳи ҷаҳониро дар қатори масъулини соҳа ҳаводорони зиёди соҳаи варзиш истиқбол гирифтанд.
Маросими истиқболи ғолибони Чемпионати ҷаҳон-2018 доир ба самбо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, мураббиёну варзишгарон ва ҳаводорони сершумори ин намуди гӯштин дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз 9 то 11 ноябр баргузор шуд, паҳлавони ҷавони тоҷик Хушқадам Хусравов бо шикаст додани ҳамаи рақибони худ унвони чемпиони ҷаҳонро дар вазни 62 кило ба даст овард. Дар баробари Хушқадам Хусравов боз се тан самбочии дигари кишвар - Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 74 кг, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кг медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
Медали тиллои Хушқадам Хусравов баъд аз қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин дастоварди олӣ дар таърихи самбои Тоҷикистон аз чемпионати ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигор ва яке аз фаъолони саҳифаи Facebook дар саҳифааш аз маросими истиқболи паҳлавони ҷавони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе чандин навору аксҳои ҷолибе гузоштааст.
Хушқадам Хусравов дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Чемпиони дигари ҷаҳон Беҳрӯзи Хоҷазода ҳам феълан донишҷӯи ин Донишкада аст.
Дар маҷмӯъ Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон-2018 доир ба самбо 12 варзишгар - 8 нафар дар самбои варзишӣ ва 4 тани дигар дар самбои размӣ намояндагӣ карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ ҷои 3-юмро ишғол кард.