ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Варзишкори машҳури Русия Ҳабиб Нурмаҳаммедов хабар дод, ки дар Маскав аввалин китобашро, ки дар бораи шарҳи ҳоли худаш аст, рӯнамоӣ мекунад.
Варзишкор рӯзи 26-уми ноябр дар Маскав китобашро рӯнамоӣ хоҳад кард. Дар ин бора Ҳабиб дар саҳифаи Инстаграм хабар додааст.
"Хушбахтам, ки китоби саргузаштии ман бо номи "Habib Time" ("Вақти Ҳабиб") омода ва мунташир шудааст. Мо барои ин китоб ду сол заҳмат кашидем. Бо изтироб интизорам, ки кай китобро ба даст мегирам. Рӯнамоии китоб дар бизнес-форум дар Маскав баргузор мешавад. То дидор дар варзишгоҳи "Олимпийский", - навиштааст вай дар саҳифаи Инстаграм.
Ҳабиб гуфтааст, вақте ки ба навистани китоб сар кард, боварӣ надошт, ки пас аз ду сол қаҳрамони UFC мешавад.
Вай афзуд, ки қарори вай дар бораи навиштани шарҳи ҳоли худаш осон набуд, аммо ӯ ин иқдомро пеш гирифт ва пушаймон нест.
"Он вақт бисёриҳо мегуфтанд: ҳоло барои китобнависӣ вақт ҳаст, аввал қаҳрамон шав ва ғайраҳо. Худам ҳам он қадар боварӣ надоштам, вале тавонистам ва ҳоло китоб омода аст", - мегӯяд вай.
Ёдрас мешавем, пештар Ҳабиб хабар дода буд, ки китобашро мехоҳад дар моҳи майи соли равон рӯнамоӣ кунад, вале ӯ ин иқдомашро мавқуф гузошт.