ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши сойти расмии бошгоҳи “Арсенал”, бар асоси қарордоди бошгоҳ ва Черевченко, ӯ то поёни мавсими ҷорӣ мураббии ин бошгоҳ буд.
Черевченко рӯзи 21 августи соли 1974 дар Тоҷикистон таваллуд шуд. Ӯ писари Геннадий Черевченко, ки дар саффи “Помир”-и Душанбе солҳои дароз ҳунарнамоӣ кардааст, мебошад.
Игор Черевченко бо бозии худ дар таркиби “Локомотив”-и Маскав машҳур аст. Ӯ дар солҳои 90-ум яке аз бозикунҳои калидии “Локомотив” буд.
Черевченко соли 2008 вориди гурӯҳи мураббиёни “Локомотив” шуд. Ӯ ҳамчун муҷрии сармураббӣ ин бошгоҳро соли 2015 барандаи Ҷоми Русия кард.
Зодаи Тоҷикистон мураббии бошгоҳи футболи “Арсенал” шуд

© Sputnik / Александр Кряжев
/ Обуна шудан
Игор Черевченко, зодаи Тоҷикистон мураббии бошгоҳи “Арсенал”-и шаҳри Тулаи Русия шуд