Тоҷикистон бо як кишвари дигари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор кард

© МИД РТНамояндагони Тоҷикистон ва Подшоҳии Эсватини
Намояндагони Тоҷикистон ва Подшоҳии Эсватини - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Эсватинӣ дар СММ созишномаи равобити дипломатӣ ба имзо расониданд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ва Подшоҳии Эсватинӣ равобити дипломатӣ роҳандозӣ карданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ,  12 ноябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико маросими имзокунии Эъломияи роҳандозии равобити дипломатии миёни ин ду кишвар баргузор шуд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва Мелуси Масуку, намояндаи доимии Подшоҳии Эсватинӣ дар СММ ин эъломияро имзо карданд.

Подшоҳии Эсватинӣ дар Африқо ҷойгир аст. Ин кишвар дар ҷануб, ҷануби шарқ ва шимол бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҳаммарз аст. Марзи кулли Эсватинӣ 535 километр, майдони кулли кишвар 17,3 ҳазор километри мураббаъ аст.

Эсватинӣ кишвари подшоҳии мутлақ аст. Ҳукумати иҷроия зери дасти подшоҳ аст ва ӯ ҳуқуқи таъйини нахуствазир ва намояндагони худ дар порлумонро дорад. Ниҳоди қонунгузории кишвар порлумон мебошад ва он аз маҷлиси миллӣ ва сенат таркиб ёфтааст. Порлумон қудрати қонунӣ надорад ва ниҳоди мушовираӣ ба шумор меравад.

Подшоҳии Эсватинӣ то баҳори соли равон Свазиленд ном дошт, вале Мсватии савум, пешвои феълӣ тасмим гирифт, ки кишварро ба Подшоҳии Эсватинӣ номгардон кунад.

Лентаи хабарҳо
0