Маросими ба кор андохтани аввалин агрегати нерӯгоҳи бузургтарини Осиёи Марказӣ Роғун 16-уми ноябр бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Кори тарҳи нерӯгоҳи Роғун барои фурӯши барқ ба Афғонистон ва Покистон равон карда шудааст ва он сахт бо дигар лоиҳаҳо ба монанди тарҳи CASA-1000 вобастагӣ дорад.
Ҳамчунин вай афзуд, барои Тоҷикистон муҳим аст, ки ду тарҳ мувозӣ ё дар як вақт рушд кунад - сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва хатҳои барқгузар. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар сохтмони хатҳои интиқоли барқ ақибмонӣ ба назар мерасад.
"Ҳоло як савол пайдо мешавад, ки нерӯи барқи зиёдатӣ ба куба куҷо содир мешавад, махсусан дар давраи тобистон", - таъкид мекунад вай.
Тоҷикистон эълом доштааст, ки аз ҳисоби кори ду агрегати аввали нерӯгоҳ кишвар хараҷотҳоеро, ки барои сохтмон гирифтааст, рӯйпӯш хоҳад кард.
Тафсилоти бештарро аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.