ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар Хоруғ бахшида ба таҷлили Рӯзи президент таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" раҳпаймоӣ баргузор гардид.
Тавре хабаргузории "Ховар" хабар додааст, роҳпаймоӣ ба ибтикори Раёсати кор бо ҷавонони вилоят дар шаҳри Хоруғ баргузор шуда, дар он бештар аз 3 ҳазор ҷавонон иштирок карданд.
"Ҷавонон пас аз роҳпаймоӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъ омада, дар пояи Парчами миллӣ гулчанбар гузоштанд", - менависад манбаъ.
Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳр ҷавонон баромад карда, аз нақши раисҷумҳури Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва рушди кишвар суханронӣ карданд.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон Рӯзи президентро 16-уми ноябр таҷлил мекунанд. Имсол дар ин рӯз агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба кор андохта мешавад.