Президент ба ронанда то кафшергари "Роғун" дар Қасри миллат ҷоизаҳои давлатӣ дод

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 14 ноябр дар Қасри миллат ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми НБО “Роғун” ба беш аз 100 мутахассиси касбу кори гуногун, ки дар бунёди ин иншоот саҳм гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ супорид

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди оддӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни “Роғун” заҳмат мекашанд.

Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёвари Президент дар бораи хислати Раҳмон ва “Роғун”: ба муҳоҷирати меҳнатӣ ниёз намемонад

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”,  2 нафар бо Ордени “Шараф дараҷаи 2”, 53 нафар бо Медали “Хизмати шоиста” ва 48 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот изҳор доштааст, ки “Роғун” иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад.

“Таъкид гардид, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боиси таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад”, - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба ифтихори руйдоди муҳим табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу кард.

Лентаи хабарҳо
0