ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд, кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ зимни тафтиши баъзе марказҳои савдо ва бозорҳо маҳсӯлоти пастсифату мӯҳлати истифодаашон гузаштаро пайдо намуда ва бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карданд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази мазкур дар шаҳри Хуҷанд беш аз 6 ҳазору 500 кило маводҳои хӯрокаи пастсифат ва мӯҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва бозорҳо мусодира карда шуд.
“Маҳсӯлоти пастсифат баъди хулосаи додгоҳӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳо дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Инчунин манбаъ афзудааст, ки маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, барои таъмини назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, нигаҳдории солимии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ тадбирҳои ҷиддӣ меандешад.