400 марзбонони ҷавон Савганд ёд карданд

© © Пресс-служба погранвойск РТПрисяга погранвойск Пойтахт
Присяга погранвойск Пойтахт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
400 нафар навсарбозони даъвати тирамоҳии имсола дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ савганд ёд карданд.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik.  Рӯзи 10 ноябри соли равон дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маросими тантанавӣ бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ 400 нафар сарбозони даъвати тирамоҳи соли равон  Савганди ҳарбӣ ёд карданд.

На таджикско-афганской границе, Пяндж - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи расмии нохушӣ дар марз: фармондеҳ ҳалоку сарбоз бистарӣ шудааст

Бино бар иттило дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Тоҷикистон дар ин маросим тантанавӣ Муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Адбуллозода Н., сардори Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони Хадамоти сарҳадии Русия дар Тоҷикистон, падару модарони сарбозон ва дигар меҳмонон низ иштирок доштанд.

“Бояд қайд  кард, ки мубориза  бар зидди ҳамагуна хатарҳои эҳтимолӣ ба хусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд. Зеро ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, аз ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад. Вазифаи аввалин дараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад”,- таъкид намудааст манбаъ.

Солдаты маршируют, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Се сержант баъди лату кӯби сарбоз ба зиндон андохта шуданд

Пас аз маросими савгандёдкунӣ, сарбозон ва ҳайати шахсии Маркази таълимии “Пойтахт” бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд.  

Дар ҳамин ҳол муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Абдуллозода Н., бо падару модарон ҳамсӯҳбат шуда ба онҳо миннатдорӣ баён намуда гуфт, ки пас аз хизмат дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон фарзандонашон бо сари баланд ба назди онҳо бармегарданд.

Дар анҷом ансамбли ҳарбии “Марзбон”-и ҚС КДАМ Тоҷикистон ба иштироккунандагон концерти идона намоиш дод.

Лентаи хабарҳо
0