ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ду сокини Қубодиён ба иттиҳои даст доштан дар ҷурми дуздӣ дастгир шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳамон - марди 41 ва 21-сола охирҳои тобистон манзили як занро дар шаҳри Душанбе ғорат кардаанд.
"Онҳо 28 август аз манзили як зани 54-сола дар кӯчаи Сари Осиёи 300-доллари амрикоӣ, 2000-сомонӣ, 2-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Ҷ-5”, ки арзишашон 3300-сомонӣ мебошад ва ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 1680-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Зарари расонидашуда 23 ҳазору 961-сомониро ташкил додааст.
Нисбати гумонбаршудагон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.