Барои занони ҳиҷобпӯш: ҳавзҳои шиноварии мардона ва занонаро ҷудо карданд

© Sputnik / Vitaliy Belousov / Гузариш ба медиабонкПалестинка Воруд Савалха во время соревнований среди женщин по легкой атлетике на Универсиаде в Казани
Палестинка Воруд Савалха во время соревнований среди женщин по легкой атлетике на Универсиаде в Казани - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қирғизистон занони мусалмон алоҳида аз мардон вуруди ҳавзҳои шиноварӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар Бишкек ба хотири занони мусалмон мехоҳанд тартиботи воридшавӣ ба ҳавзҳои шиновариро тағйир диҳанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳафтаи гузашта, дар Қирғизистон баъди дар расонаҳо пайдо шудани хабар дар бораи мамнӯъ шудани вуруди занони ҳиҷобпӯш (заноне, ки буркини – либоси махсуси варзишӣ барои занони мусалмон мепӯшанд - идора) ба ҳавзҳо, ҷанҷоли калоне сар зад.

Ба гуфтаи маъмурияти маҷмааи варзишӣ мувофиқи талабот шиноварон бояд либоси махсуси оббозӣ, пойпӯши махсус ва сарпӯши махсус ба бар кунанд. Занони мусалмон бошанд, либосеро ба бар мекарнданд, ки ба ин талабот ҷавобгӯ набуд. Барои ҳамин назди онҳо маҳдудият гузошта шуд.

Нурсултон Назарбоев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Назарбоев дар бораи риш, ҳиҷоб ва шалвор: “қонунан мамнуъ шаванд”

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  иддао карданд, ки  ин иқдоми маъмурияти ҳавзҳои шиноварӣ поймолкунии ҳуқуқҳои занони ҳиҷобпӯш аст.

Дар натиҷа, маъмурияти маҷмааи варзишӣ аз муштариёнаш узр хост ва гуфт, ки ин камбудиро ислоҳ хоҳад кард.

"Мо ҳуқуқи шаҳрвандонро дар  озодии дин эҳтиром менамоем ва кӯшиш мекунем, ки  барои ҳамаи шаҳрвандон шароит  фароҳам кунем, зеро Қирғизистон давлати дунявӣ аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шаҳрвандро кафолат медиҳад", - изҳор доштаанд аз маъмурият.

Намояндагони маҷмаа гуфтанд, ки барои занони мусалмон ҷадвали машғулиятҳои алоҳида тартиб дода мешавад. Зеро онҳо мувофиқи шариат бояд аз мардон алоҳида вориди ҳавз шаванд.

Ҳамин тариқ, интизор меравад, ки дар соатҳои муайян вуруди мардон ба ҳавзҳо мамнӯъ мешавад.

"Тартиботи  муваққатӣ якҷо бо намояндагони Раёсати мусалмонони Қирғизистон бо ҷалби мутахассисон аз шӯъбаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон  таҳия карда мешаванд", - менависад манбаъ.

Масъалаи тартиботи вуруд ба ҳавзҳоро дар Қирғизистон бори аввал баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки тартиботи нав тамоми муассисаҳои шаҳрро дарбар гирад.

Дар ҳамин ҳол, то амалӣ шудани қонун, Маҷмааи варзишӣ  барои занони ҳиҷобпӯш тартиботи муваққатӣ ҷорӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0