ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Байни фарзандони бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун китоб тақсим карданд, хабар медиҳад "Ховар".
"Дар арафаи ба кор даромадани чархаи нахустини неругоҳи барқи обии "Роғун" нашиёти "Маориф"-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазору 60 нусха китоби тозанашрро ба фарзандони коргарони нерӯгоҳ тақдим намуд", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, аз ҷумла байни наврасони тоҷик "Шоҳнома" ва дигар асарҳои шоиру нависандугони тоҷик, аз қабили "Афсонаҳои халқи тоҷик", "Саргузашти Собир"-и Сотим Улуғзода, "Озода шав!", "Наврӯзи ҷаҳонафрӯз", "Панднома"-и Шайх Аттор, "Қобуснома"-и Унсурмаъолии Кайковус, "Суруду навоҳои дилнишин", "Шукуфаҳои сабзи баҳор", "Илҳом аз Шоҳнома"-и Лоиқ Шералӣ, "Боғи момаи Ангур"-и Бозор Собир, "Роғун–кохи нур" тақсим гардид.
Нашрия тасмим гирифтааст, киҳар сари чанд вақт ба китобхонаҳои мактабҳои шаҳри Роғун китобҳои тозанашр эҳдо намояд.