ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило, Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни -74 кило аз рӯи самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кило аз самбои размӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.
“Дар рӯзи аввал 4 варзишгари тоҷик – Ҷомии Ҳасан (-52кг), Мустафо Ҳасанов (-68кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар самбои варзишӣ ва Беҳрӯз Зуҳуров (-74кг) дар самбои размӣ аз медалҳо бенасиб монданд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки имрӯз Хушқадам Хусравов (-62кг), Зафар Олимшоев (-82кг) дар самбои варзишӣ, Умедҷон Муҳиддинов (-68кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90кг) дар самбои размӣ қувваозмоӣ мекунанд.
Беҳруз Хоҷазода соли гузашта дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи самбо дар Сочӣ сазовори ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.