ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳур 10 ноябр дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик, ҷинояткории бархе аз кормандони мақомот бо истифода аз мансаби хизматӣ, аз ҷумла фасодкориро мояи нигаронӣ хонд.
Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони милиса хотирнишон кард, ки дар паси ҳар як парванда инсон ва ҳуқуқу оздиҳои ӯ истодааст.
“Ҳар як пурсиши ғайриқонунӣ ва дастгиркунии беасос боиси саргардонии на танҳо як нафар, балки аҳли оилаи ӯ ва коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад. Фаромӯш набояд кард, ки маҳаки асосии фаъолияти шумо хизмат ба халқ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Маҳз барои ҳамин сохтори шумо дар қатори сохторҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ном дорад”, - таъкид намуд раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин пинҳон кардани ҷиноятҳо, қатъи ғайриқонунии парвандаҳо, кашолакорӣ дар тафтишотро аз камбудиҳои дигаре хонд, ки на танҳо lдар мақомоти милиса, балки дар дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ низ ҷой доранд.
“Аз ҷониби муфаттишону таҳқиқбарандагон ҳолатҳои ғайриқонунӣ боздоштан ва қатъ кардани тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар ин замина боздоштани идомаи таъқиби ҷиноятӣ низ то ҳол аз байн нарафта, дар давраи як солу нӯҳ моҳ зиёда аз 1300 қарорҳои боздоштану қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятии мақомоти тафтишотии милитсия бекор ва тафтиши пешакии онҳо аз нав оғоз карда шуда, 177 парвандаҳои ҷиноятӣ ба суд ирсол гардидааст”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур баъзе муфаттишон тафтиши парвандаҳои ҷиноятиро бо вайрон кардани талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ анҷом дода, ба кашолкории беасос ва вайрон намудани муҳлати тафтишу таҳқиқ роҳ медиҳанд.
“Махсус таъкид месозам, ки чунин вазъ дар фаъолияти сохторҳои тафтишотии ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушоҳида мешавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур дар хитоб ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ таъкид намуд, ки “вазифаи шумо на фақат оғоз кардани парвандаи ҷиноиву ҷазо додани инсон, балки пеш аз ҳама, фаъолона пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорат ва сохторҳои онро муваззаф кард, ки ҳангоми интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, ба касбияту маърифатнокӣ, садоқат ба Ватан, сифатҳои инсонӣ ва вазъи рӯҳиву равонии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд ва интихоби кормандонро шаффоф, тавассути озмунҳо амалӣ намоянд.