ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Одина Ёров, мудири КВД “СОКО ва ХМК”-и шаҳри Роғун, ба хабаргузории “Ховар” иттилоъ додааст, ки то имрӯз дар шаҳр 2024 бех дарахтони ҳамешасабз ва зиёда аз 50 ҳазор бех гулҳои ҳамешасабзу мавсимӣ шинондаанд. Ба иттилои манбаъ инчунин барои таблиғу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 адад овезаҳо насб карда шудаанд.
“Иншооти баландошёнаи маркази шаҳр пас аз даврони Шӯравӣ рӯи таъмирро надида буданд. Ҳоло барои омодагӣ ба истиқболи ҷашнҳои фархунда 30 иншооти баландошёна аз ҳисоби мардуми шаҳр таъмири ҷорӣ шуда, ин биноҳо бо рангҳои гуногун маркази шаҳрро зеботар намудаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Исмоил Раҳимзода, муовини аввали раиси шаҳр, изҳор доштааст, ки ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ва таърихӣ мебошад.
Ӯ таъкид намудааст, ки сокинони Роғуншаҳр барои ҷашн гирифтани ин рӯзи таърихӣ ҳамаҷониба саҳми худро гузошта, ба истиқболу пазироии меҳмонон пурра омода мебошанд.