ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи ин навор, ки “Архитектура Душанбе” дар сафҳааш нашр намудааст, аз ду канори кӯчаи мазкур биноҳои баландошёна бунёд хоҳанд шуд.
Ахиран лоиҳаи ин қисмати кӯчаи Айнӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ шуда, таъкид гардид, ки дар давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
“Аз ин нишондод 19 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешавад”, - иттилоъ дод шаҳрдории Душанбе
Манбаъ афзуд, ки дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова бунёд мешаванд.
Шаҳрдорӣ зикр кард, ки феълан дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16 ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназир аст, дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.
Масъулини меъморӣ инчунин навори “3D”-и чароғонсозии ин чор бино дар маҳаллаи маъруф ба "Гардиши фурудгоҳ"-ро пешниҳод кардаанд.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, ин чор бино дар маҷмуъ беш аз 60 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан садҳо нафар сокинони пойтахт соҳиби манзили зист хоҳанд шуд.
Манбаъ афзуд, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.