ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабари марги боз як дучархаронро дар роҳи ноҳияи Данғара хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дучархарони Мусофиров Ҷумъахон Ҳомидович, соли таваллудаш 1965 дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ар ҳудуди деҳаи Боғпарвари ноҳияи Данғара ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, рӯзи 8-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Сангов Далер Раҷабович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ш.Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Боғпарвари ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон, Мусофиров Ҷумъахон Ҳомидович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Боғпарварро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарони мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохила хабар доданд, ки ҳоло аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.