ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9 ноябр дар арафаи таҷлили Рӯзи милиса дар Тоҷикистон бинои нави ВКД Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар маросими он ба як қатор кормандони вазорат рутбаҳои махсус дод.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, ба Солиев Карим Ҳоҷиевич рутбаи навбатии "генерал - майори милитсия" супорида шуд.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Роҳбари давлат Султонзода Садриддинхон Исмоил бо рутбаи навбатии "полковники хизмати дохилӣ", Назарзода Икромҷон Ҳурматулло, Мӯсозода Муҳаммадалӣ Абдусаттор, Амирализода Сулаймон ва Сулаймонзода Ғуломалӣ Нуралӣ бо рутбаи навбатии "полковники милитсия" сарфароз гардонида шуданд.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон 10 ноябр Рӯзи имлиса таҷлил мешавад.
Пештар дар моҳи август президент ба муносибати таҷлили 27-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ба 19 нафар рутбаҳои генералӣ дода буд.
Онҳо бо рутбаҳои ҳарбии дараҷавӣ ва махсус, аз қабили генерал — полковники хизмати дохилӣ, генерал — майори гвардия, мушовири давлатии адлияи дарачаи 2, генерал — лейтенанти адлия, генерал — лейтенанти милитсия, 2 нафар генерал — лейтенант, 4 нафар бо рутбаи генерал — майори милитсия, генерал — майори хизмати назорати маводи нашъаовар, генерал — майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал — майори адлия ва 3 нафар бо рутбаи навбатии генерал — майор қадрдонӣ шуданд.