ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар фестивали байналмилалӣ, ки дар сирки давлати Люксембург баргузор шуд, Муҳаммад Шарифзода, дорбоз (эквилибрист) аз Тоҷикистон сазовори ҷои якум ва ҷоизаи мукофоти махсус гаштааст.
Сиркбозони Москва ба ҳунарнамоии Муҳаммад Шарифзода баҳои баланд дода, ба ӯ тӯҳфаи махсуси худро супориданд.
Дар фестивали мазкур зиёда аз 80 ҳунарманд аз 14 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Украина, Тоҷикистон, Британияи Кабир, Белорус, Туркманистон, Қазоқистон, Швейтсария ва ИМА иштирок намуданд.
Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки дар Фестивали мазкур директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ашӯр Раҷабов ба ҳайси аъзои ҳакамон иштирок намудааст.