ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Имрӯз, 9 ноябр бо ташаббуси Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока барои кормандони ниҳод баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД ҶТ.
Бино бар иттилои манбаъ, намоишгоҳи маҳсулоти арзон ба таҷлили Рӯзи милиса дар Тоҷикистон бахшида шуда, дар он маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд.
"Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 50 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хубе бахшида ба Иди касбии милитсия ба шумор меравад", - менависад дафтари матбуотӣ.
Ёдрас мешавем, Рӯзи милиса дар Тоҷикистон 10 ноябр таҷлил карда мешавад.
Чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикстон ба ин муносибат бинои нави ВКД Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, ба чанд милисаи тоҷик рутбаи генералӣ ва полковникӣ дода буд.
Ҳамчунин дар ВУД Маркази мубориза бо терроризм ифтитоҳ шуд.