ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар вилояти Ростови Русия котиби комиссияи қабули Донишгоҳи Дон 28 донишҷӯи тоҷикро ба бахши буҷавии донишгоҳ дохил кардааст. Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.
Мафаттиш муайян кардааст, ки корманди донишгоҳ соли гузашта вазифаи котиби комиссияи қабулро адо намуда, ба аъзоёни он гуфтааст, ки варақаҳои имтиҳоноти воридшавиро аз номи чанд довталаб аз Тоҷикистон пур кунанд.
Ҳамин тавр, 28 довталаби тоҷик донишҷӯи бахши буҷавии донишгоҳи пурнуфуз гаштаанд, аммо дар натиҷа ин найрангро ФСБ Русия ошкор кардааст.
Зан ба сӯиистифода аз ваколат муттаҳам мешавад ва ба ӯ то 4 соли зиндон таҳдид мекунад.