Барфу борону меғ: обу ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе 28 ноября
Туман в Душанбе 28 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борону барф ва фаромадани меғ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона аз +3 то +5  ва рӯзона аз +15 то +17  дараҷа мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ  борон ва дар баландии 2000 метр боридани барф  дар назар аст. Ҳарорат шабона +7  ва рӯзона  ба  аз 13 то +18  дараҷа гармӣ мерасад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок    шуда, дар қисми дуюми рӯз  дар  ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф   дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+7  ва рӯзона  9+14   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ    боридани борон   дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона +12+17   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона  +7+12  ва дар шарқи ин вилоят шабона -7-12   ва рӯзона -1+4 дараҷа сард  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0