Вазирони дифои Русия ва Тоҷикистон дар Остона масоили низомиро баррасӣ карданд

© Фото : Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкМинистры обороны РФ и Таджикистана подписали план сотрудничества на 2017 год
Министры обороны РФ и Таджикистана подписали план сотрудничества на 2017 год - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо санади барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои дифои ду кишварро барои соли 2019 ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik.  Шералӣ Мирзо вазири дифои Тоҷикистон ва Сергей Шойгу, ҳамтои русаш рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона зимни мулоқоти дуҷониба вазъияти амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва масъалаи ҳамкориҳои низомию техникиро баррасӣ намуданд.

Мулоқоти вазирони дифоъи ду кишвар дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи дабирони шӯрои амнияти СПАД баргузор шудааст.

Самолет Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди Шойгу барои ҷалби тоҷикону дигар халқҳо ба Сибир

Зимни мулоқот вазирони дифоъи Тоҷикистону Русия санади барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои дифоъи ду кишварро дар соли 2019 ба имзо расонданд.

Дабирони шӯроҳои амнияту вазирони дифоъ тасмим гирифтанд таркиб ва маҳалли ҷойгирии нерӯҳои сулҳбони кишварҳои узви СПАД-ро дақиқ кунанд.

Дабирони шӯроҳои амнияту вазирони дифоъ инчунин барномаи муштараки омодасозии ситодҳои идорасозӣ ва ташкили нерӯ ва низомҳои амнияти дастаҷамъи СПАД баррасӣ намуда, ба барномаи ҳамкориҳои низомӣ тағйирот ворид намуданд.

Инчунин, дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Кумитаи дабирони шӯрои амнияти СПАД дар соли 2019 дар шаҳи Бишкек баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0