Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст

© Sputnik / Наталья СеливерстоваДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон абрист буда, дар бархе аз манотиқи кишвар боридани борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон абрист, дар бархе аз манотиқ борон меборад, гузориш медиҳад Хадамоти обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ҳарорати ҳавои рӯз дар вилояти Суғд то +11 дараҷа, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ (НТҶ) +15 дараҷа, дар вилояти Хатлон то +17 дараҷа ва дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) +12 дараҷа гарм аст.

Ҳавои Душанбе абрист, каме борон меборад, ҳарорати рӯз +14 дараҷа гарм мебошад.

Лентаи хабарҳо
0