ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Имрӯз, 8 ноябр кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Остона сафари корӣ анҷом додааст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар кишвардорро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амният ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бино бар иттилои Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ҳамоиши сарони кишварҳои узви СПАД баъди зуҳри 8 ноябр бо ҳузури роҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Арманистон, Белорусия ва Қирғизистон дар назар аст.
Ин ҷаласа дар ҳолест, ки ахиран Юрий Хачатуров, намояндаи Арманистон бо дархости мақомоти кишвараш аз мақоми дабири кулли СПАД барканор шуд ва муовинаш Валерий Семериков иҷрокунандаи вазифаи дабири кулл таъин гардид.
Арманистон ахиран эълон кард, ки дар мулоқоти сарони кишварҳои узви СПАД дар Остона ҳатман масъалаи таъини дабири кулли нави ин созмон баррасӣ хоҳад шуд.
Аз номзадҳои асосӣ ба ин мақомро расонаҳо аз Станислав Зас, дабири Шӯрои амнияти Белорус ном мебаранд. Аммо мақомоти арманӣ мехоҳанд, ҷойгузини Хачатуров дар мақоми дабири кулли СПАД боз намояндаи Арманистон шавад. Дар назар аст, ки роҳбарони кишварҳои СПАД ин маcъаларо пушти дарҳои баста баррасӣ мекунанд.